Панҷакент: Дар Чорбоғ бо ҳашар беморхона месозанд

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва саҳмгузории сокинон ҳоло бунёди бинои нави беморхонаи минтақавӣ дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Косатарош идома дорад.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Панҷакент, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ва мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Равшан Раҳимзода аз рафти сохтмони бинои беморхона дидан намудаву бо ҳашарчиён суҳбат карда, ба онҳо барои ин иқдоми наҷиб изҳори сипос намудаанд.

— Дар ҳашари бунёди ин бинои дуқабата рӯзи боздид беш аз 150 нафар сокинони деҳа иштирок доштанд ва тавре раиси кумитаи маҳаллаи деҳа Ибодулло Худойбердиев иброз намуд, бо саҳмгузории сокинон масолеҳи сохтмон, аз қабили хишт, хишти сементӣ, арматур, семент, қум захира шудааст ва ҳоло ҳар рӯз даҳҳо нафар дар деворбардории қабати якуми бино иштирок менамоянд,- меафзояд манбаъ.

Тавре зикр мегардад, рафти сохтмон ва сифати корҳои бинокорӣ аз ҷониби шуъбаҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр назорат карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *