Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Шикоят

Бемор ба духтур шикоят мекунад:

— Духтур, ман як мушкилӣ дорам, ҳар субҳ расо соати 8 қазои ҳоҷат мекунам.

Духтур дар ҷавоб:

— Мушкилӣ дар чӣ аст?

Бемор мегӯяд:

— Гап сари он аст, ки ман соати 9 аз хоб бедор мешавам.

Моҳӣ

Омӯзгор аз толибилмон мепурсад:

— Чаро моҳӣ гап зада наметавонад?

Мубориз аз ҷояш хеста, мегӯяд:

— Муаллим, агар сари шуморо ба даруни об андозем, гап зада метавонед?

Тифли арзон

Марде ба таваллудхона меравад. Ҳамшира ба наздаш баромада, мегӯяд:

— Ана писарчаатон, 3700…

Мард аз кисааш ҳамёнашро бароварда истода мегӯяд:

— Инро бинан-а, чӣ хел арзон!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *