бехобӣ

Чӣ қадар бе хоб зиндагӣ кардан мумкин аст?

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки одамон метавонанд ба муддати дароз хоб накунанд, аммо ин ба саломатӣ бо оқибатҳои назарраси манфӣ таҳдид мекунад. дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба расонаҳои хориҷӣ хабар додааст.

— Китоби рекордҳои Гиннес аз соли 1997 инҷониб рекордҳои марбут ба бедории дарозмуддатро қабул намекунад, зеро норасоии дарозмуддати хоб ба бадани инсон таҳдиди ҷиддӣ дорад. Аммо, ду ҳолат маълум аст, ки одамон тавонистаанд тақрибан 2 ҳафта ё беш аз он бедор монанд,- менависад LiveScience.

Як тасдиқи расмии тӯлонитарин ҳолати бе хоб будани одам вуҷуд дорад, ки ин рекорд соли 1963 гузошта шуда буд. Он вақт сокини 17-солаи Калифорния Рэнди Гарднер давоми 11 рӯзу 25 дақиқа хоб накардааст. Боз як ҳодисаи дигаре ҳаст, ки расман тасдиқ нашудааст, зеро айни замон касе бедории марде бо номи Роберт Макдоналдро назорат накардааст. Мувофиқи маълумоти соли 1986 паҳншуда, ӯ 18 рӯзу қариб 22 соат хоб накардааст.

Айни замон олимон чунин меҳисобанд, ки ба қадри тӯлонӣ хоб нарафтан ба саломатии инсон зарари калон мерасонад. Набудани хоб метавонад хавфи гирифторӣ ба бемориҳо, аз қабили диабет, бемориҳои дилу раг, фарбеҳӣ ва асабониятро зиёд кунад. Олимон чунин меҳисобанд, ки ҳар шахс бояд дар як шабонарӯз аз 6 то 8 соат пайваста хоб кунад.

Мувофиқи гуфтаи Орен Коэн аз маркази тиббии Mount Sinai (шаҳри Ню-Йорки ИМА), баъзе одамон гоҳо метавонанд 24 соат пай дар пай бе хоб гарданд. Аммо чунин вайроншавии назми муқаррарӣ боиси он мегардад, ки шахс баъзан хобро аз воқеият фарқ намекунад. Яъне, майна хоб талаб мекунад ва аз ин рӯ шахс дар фосилаи нозуки байни хоб ва бедорӣ қарор дорад. Ба гуфтаи Элон Эвиден аз донишгоҳи Калифорнияи Лос Анҷелес, ҳафтаҳо хоб накардан қариб ғайриимкон аст. Ҳатто пас аз 24 соати бедор будан майнаи сар баданро ҳатман маҷбур мекунад, ки хоб равад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *