Ҷӯрабек Муродов: Агар ҷавон мешудам…

Дар ютубканали “Dfilm.tj”, ки масъулаш блогери маъруфи тоҷик Диловар Сафаров аст, наворе нашр шуд, ки дар кӯчаҳо бо саволи “20-сола шавед, чӣ кор мекардед?” ба мардум муроҷиат мекунад.

— Мо хостем аз мардум бипурсем, ки агар фурсат ёбанду 20-сола шаванд, чӣ кор мекунанд ва ин ба хотирест, ки насли ҷавон хатоҳои калонсолонро такрор накунанд,- гуфтааст дар аввали навор Диловар Сафаров.

Ба саволи пешниҳодшуда мардум чунин ҷавоб медиҳанд:

— Ман аз ҳеҷ чиз пушаймон нестам. Ҳеҷ чизро тағйир намедодам. Шукр, хуб гузаронидаам ҷавониамро.

— Ман маълумоти олӣ надорам, агар ҷавон мешудам, донишгоҳ мехондам ва кори беҳтар мекардам.

— Ибодатро зиёд мекардам.

— Заминҳоро гулкорӣ мекардам.

Ҳамчунин, дар назарпурсии Диловар Сафаров ҳунарманди мардумӣ ва яке аз сутунҳои санъати тоҷик Ҷӯрабек Муродов ҳам назари худро баён кардааст, ки бисёр ҷолиб аст:

— Агар ҷавон мешудам, санъаткор мешудам, вале зиёдтар кор мекардам. Забонҳои русиву англисӣ ва ғайраро омӯхта, дар ҷаҳон санъати тоҷикро бо забонҳои гуногун муаррифӣ мекардам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *