Аз таҳти дил бихандед!
Диплом
Ҷавоне дипломашро мегирад ва ба пушташ овезон мекунад. Аз ӯ мепурсанд:
— Чаро овезон кардӣ?
Ҷавон мегӯяд:
— Ман чор сол аз паси ин давидам, акнун ин аз паси ман бидавад.
Имтиҳон
Пеш аз имтиҳон падар ба писараш мегӯяд:
— Агар имсол ҳам аз имтиҳонҳо нагузарӣ, маро «падарам» нагӯ!
Баъди имтиҳонҳо падар бо дидани писараш:
— Ҳа… бачам, имтиҳонҳо чӣ шуд?
Писар дар ҷавоб:
— Мебахшед, шумо кӣ? Нашинохта истодаам.
Гӯшвора
Роҳбари корхона диққат медиҳад, ки як корманди хушсурату фаъолаш, ки марди хеле оромтабиат аст, вақтҳои охир дар гӯшаш ҳалқа пӯшида мегардад. Боре ҷуръат карда, аз ӯ мепурсад:
— Давлатов, тинҷӣ аст? Наход шумо ҳам мисли ҷавонҳои имрӯза шуда бошед?
Давлатов дар ҷавоб:
— Диққат надиҳед, баъзан мешавад, устод.
Роҳбар:
— Аз кай боз хоҳиши гӯшвор пӯшиданро пайдо кардед?
Давлатов:
— Аз вақте ки занам ин гӯшвори лаънатиро аз ҷойгаҳамон пайдо намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ