Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Дер шуд

Ба Юлдошбой як пиёла об доданд ва баъд аз хӯрдан гуфтанд, ки ин арақ буд. Пас аз чанд лаҳза диданд, ки Юлдошбой маст шудааст. Гуфтанд:

— Мо шӯхӣ ардем, арақ набуд, об буд.

Юлдошбой гуфт:

— Акнун чизе буд набуд, дер шуд, маро маст кард.

Хона

Марде аз деҳа ба пойтахт омада, хонаҳои баландошёнаро дида, ҳушаш меканад. Рӯзи дигар ба деҳа омада, мардумро гирдаш ҷамъ карда, мегӯяд:

— Эй мардум, шумо барои 2 сотих замин одамкушӣ мекунед, ба Душанбе равед, хонаҳо тал задагӣ!

Шавҳаркуш

Дар толори суд аз зани шавҳаркуш мепурсанд:

— Чор шавҳари шумо аз истеъмоли хочи заҳрнок фавтиданд, панҷумаш бошад, аз зинаҳо сарозер шуд. Шумо ин фоҷиаро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Зан дар посух мегӯяд:

— Шавҳари панҷумам хочро намехӯрд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *