Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Истинтоқ

Зан:

– Агар ман ногаҳон мурам, ту боз зан мегирӣ?

Мард:

– Не.

Зан:

– Не? Чаро не? Ту аз зангирӣ безорӣ?

Мард:

– Бас кун ҳамин гапҳоятро…

Зан:

– Не, ту ба ман гӯй, ки агар оила бароят муқаддас бошад, чаро дубора оиладор шудан намехоҳӣ?

Мард:

– Хайр майлаш, барои он ки ту ором бошӣ, зан мегирам.

Зан (ранҷида):

– Ҳа, зан мегирӣ-а?!

Мард:

– О худат гуфтӣ-ку!

Зан:

– Ту бо зани нават дар рахти хобамон хоб меравӣ???

Мард:

– Боз дар куҷо хоб равам?

Зан:

– Ту ба ҷойи расмҳои ман расми ӯро дар хона мегузорӣ?

Мард:

– Ба гумонам ҳа!

Зан:

– Мошинамро ҳам ба зани нават медиҳӣ?

Мард:

– Не, вай ҳуҷҷати ронандагӣ надорад…

Зан:

– Ҳаааа, ба даст афтодӣ!

Бехобӣ

Муштзане ба духтур гуфт:

– Табибҷон, аз бехобӣ ранҷ мекашам, чӣ кор кунам?

Духтур:

– Рақамҳоро аз як сар ҳисоб карда рафтан гиред, хобатон мебарад.

Муштзан:

– Ин услубро бисёр озмоиш кардаам. Ҳамин ки ба рақами 10 мерасам, парида мехезам!

Дузана

Соҳибҷамоле ба ҷавони дӯстдоштааш мегӯяд:

– Барои тасаллои дил, ақаллан боре ба ман, “Азизакам” гуфта, меҳрубонӣ кун.

Ҷавон бо ғурур ҳавобаландона мегӯяд:

– Эҳ, ҳа-а-а! Ман то ба ҳол боре ҳамсари худро “Азизакам” нагуфтаам…

– Эҳ, ҳа-а-а! Чӣ, ту зан дорӣ?,- мегӯяд соҳибҷамол ва бо мушти обдоре бар сари ҷавон мезанад.

Ҷавон пеш аз он, ки аз ҳуш равад, мегӯяд:

– Азизакам, ту аз зани дуюмам ҳам боқувваттар будаӣ…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *