Кӯдакашро фурӯхтаву квартира хариданӣ буд

Дар вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон зане боздошт шуд, ки мехост духтарчаи 8-моҳаашро ба маблағи 10 ҳазор доллар фурӯхта,  квартира бихарад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Фарғона хабар доданд.

Тибқи хабар ин зан, ки дар Фарғона кору зиндагӣ мекунад, мехост бо баҳонаи вазъи оилавӣ духтарчаашро фурӯхта, аз як бинои баландошёнае дар ноҳияи Учкӯприк манзил бихарад.

Кормандони Раёсати корҳои дохилӣ ва Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ӯзбекистон занро дар ноҳияи Учкӯприк ҳангоми гирифтани пул аз як сокини маҳаллӣ боздошт карданд.

Боздоштшуда изҳор дошт, ки аз кардааш пушаймон аст. Ҳоло тафтишот дар ин бора идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *