Аз таҳти дил бихандед!
Қарздор
Аз марде мепурсанд:
— Шумо наметарсед, ки аз коронавирус вафот мекунед?
Мард дар посух мегӯяд:
— Ман аз бонк қарздор ҳастам, онҳо маро мурдан намемонанд.
Моҷаро
Марде ба ҳамсояаш занг зада, мегӯяд:
— Парвиз, зудтар ба кӯча баро! Он ҷо ду зан барои ту моҷаро доранд!
Парвиз фахр карда, мегӯяд:
— Ҳа бародар, дидӣ қудрати маро, занҳо бароям ҷанг мекунанд…
Мард дар ҷавоб мегӯяд:
— Ҳа дида истодаам, як зан мегӯяд, ки “Парвизро ба ту бахшидам!”, дигараш мегӯяд: “Аз афташ безорам, ба худат насиб кунад!”.
Имтиҳон
Дар Донишгоҳи тиббӣ имтиҳон мегузарад. Омӯзгор ба донишҷӯён мегӯяд:
— Шогирдони азиз, шпаргалкаҳои худро баъди истифодабарӣ напартоед, солҳои аввали корӣ онҳо ба шумо даркор мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ