толеънома

Толеъномаи 1-уми майи соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи ором ва пур аз рӯйдоди мусбат аст. Сахт ба эҳсосот дода шудан лозим нест, шумо бояд гуфтори худро назорат кунед ва дар ҳама ҳолат сабрро пеша намоед. Агар сари қарори муҳиме омаданатон лозим бошад, вақти худро сарф кунед, ҷиҳатҳои мусбат ва манфии корро санҷида бинед. Фаъолиятҳоеро интихоб кунед, ки ба шумо воқеан маъқуланд.

Савр (21 апрел-22 май)

Имрӯз воқеаҳои зиёде тасодуфан, бе иштирок ва хоҳиши шумо рӯй медиҳанд. Хеле эҳтиёткор бошед, коре накунед, ки баъдтар боиси пушаймониятон гардад. Пешниҳодҳои фоидаовар имконпазиранд, ки пас аз муддате ба шумо даромади хуб меоранд.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Рӯз барои оштӣ шудан ва барқарор кардани муносибатҳои вайроншуда мувофиқ аст. Шумо нуқтаи назари шахси дигарро дарк карда, роҳи ҳалли созишро пайдо карда метавонед. Бештар муошират кунед, дар мавзуҳои гуногун сухан гӯед: имрӯз ҳама гуна баҳс ба фоидаи шумо анҷом меёбад. Дар муносибатҳои шахсӣ ҳама чиз хуб аст.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз сахт ба эҳсосот дода мешавед, махсусан дар нимаи аввали рӯз асабониятатон эҳсос мешавад. Кӯшиш кунед, ки оромтар муошират кунед, наздиконатонро бо эродҳои танқидӣ ё суханони сахт хафа накунед. Нақшаҳои калон таҳия накунед, дар ин рӯз иҷрои корҳои хонагӣ самараноктар мешавад.

Асад (23 июл-23 август)

Шумо метавонед ҳатто дар одамони интиқодӣ таассуроти хуб гузоред ва ба ҳамсуҳбататон ғолиб шавед. Аз ин рӯ, ситораҳо тавсия медиҳанд, ки бештар шинос шавед, муошират кунед ва дар баҳсҳо ширкат варзед. Корҳои хона шуморо дилгир мекунанд, беҳтараш аз наздикон кумак пурсед ё корҳоятонро ба таъхир андозед.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Суҳбати одамони гирду атрофатон кумак мекунад, ки ба як саволи муҳим ҷавоб диҳед ё маълумоти ҷолибро пайдо кунед. Диққат диҳед, ки дар ин рӯз дар атрофи шумо чӣ ҳодисаҳо рӯй медиҳанд. Дар муносибатҳои шахсӣ шояд бо дӯстдоштаатон дар мавзӯи барои шумо ҳасос суҳбати ногуворе дошта бошед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз корҳои муқаррариро бо душворӣ ба анҷом мерасонед. Кӯшиш кунед, ки усули нави ғайриоддиро ба кор баред. Иҷрои корҳои муқаррарии хона шуморо таскин бахшида, оромии руҳатонро барқарор мекунад. Аз чизҳои майда-чӯйда хафа нашавед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи пур аз рӯйдодҳои ғайричашмдошт ва тағирёбанда аст, бинобар ин, шумо набояд ягон тиҷорат ё вохӯриҳои ҷиддиро ба нақша гиред. Кор ё дарсҳо самараноктар хоҳанд буд, агар диққати худро ба уҳдадориҳои доштаатон равона намоед. Муносибатҳои ошиқона рушд ва тақвият меёбанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Агар танбалии худро бартараф карда тавонед, рӯз аз нуқтаи назари молиявӣ муваффақ хоҳад буд. Ҳодисаҳои манфие, ки аз шумо вобаста нестанд, метавонанд боиси нороҳатӣ ва сар задани мушкилот шаванд. Кӯшиш кунед, ки роҳати худро халалдор насозед. Дар сурати ба миён омадани муноқиша кӯшиш кунед, ки дахолат накунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Орзуҳо ё хоҳишҳои шумо, ки омодагии бодиққат ва хароҷоти зиёдро талаб намекунанд, аз рӯзи 1-уми май амалӣ шуданашон мумкин аст. Шиносоии нав дар оянда барои шумо ҷолиб ва муфид хоҳад буд. Бегоҳирӯзиро дар ягон мавзеи пурғавғо гузаронед: ин ба шумо қувват мебахшад ва табъатонро болида месозад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Фаъол бошед, нақшаҳо тартиб диҳед ва барои пешрафт замина омода кунед. Он чизе, ки ба шумо пешниҳод мешавад, рад накунед ва дар бораи корҳои ночиз ғам нахӯред. Дар ин рӯз тасмимҳои қатъӣ қабул накунед ва муносибатҳои пешинаро вайрон накунед. Вазифаҳои душворро дар ин рӯз ба осонӣ ҳаллу фасл мекунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Рӯзи хубест барои таҳияи нақшаи дақиқ барои ҳаракат ба сӯи орзуи худ. Барои пешгирӣ кардани хатоҳои эҳтимолӣ, шумо бояд якчанд вариант дошта бошед ва пеш аз оғози кори ҷиддӣ омода бошед. Ба атрофиён бодиққат назар кунед: шумо метавонед фикри худро дар бораи касе тағйир диҳед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *