Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Дӯзах

Писар аз падар мепурсад:

— Дадаҷон, мардҳо ҳам ба дӯзах мераванд?

Падар дар ҷавоб:

— Бале, писарам. Лекин танҳо мардҳои муҷаррад.

Писар ҳайрон шуда, боз мепурсад:

— Мардҳои зандор чӣ?

Падар мегӯяд:

— Мо аллакай дар дӯзахем, писарам.

Савоб

Аз марде пурсиданд:

— Бародар, ҳамин тобутро аз пеш қапидан савоб аст ё аз қафояш?

Мард дар ҷавоб мегӯяд:

— Муҳимаш, дар дохили он набошӣ, шуд!

Нигоҳи пулчинак

Зане ба хонааш ғамгин меояд. Шавҳараш аз ӯ мепурсад:

— Ҳа, занак, чаро ғамгин ҳастӣ?

Зан мегӯяд:

— Имрӯз дар мусофирбар пулчинак тавре ба ман нигоҳ кард, ки гӯё ман роҳкироро надода бошам.

Шавҳар:

— Баъд ту чӣ кор кардӣ?

Зан:

— Ман ҳам тавре ба ӯ нигаристам, ки гӯё роҳпулиро дода бошам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *