Вокуниши РВКД: Навори шабакаҳои иҷтимоӣ садамаи нақлиётӣ аст

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки навори ҷавонзани хуноғӯштае дар байни роҳи мошингард, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида буд, садамаи нақлиётӣ мебошад.

Тавре гуфта мешавад, шаби 2-юми апрел ронандаи автомашинаи тамғаи «Tайота Каролла» Амриддин Маҳсединзода, санаи таваллудаш 02.05.1995, сокини шаҳри Левакант, ки тариқи шартнома дар ҶДММ «Ҷасур» ба ҳайси ронандаи воситаи нақлиётии мусофирбар фаъолият мекунад, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи С. Айнӣ ба самти кӯчаи А. Қаҳҳоров, дар рӯ ба рӯи бинои ҶДММ корхонаи нассоҷии «Тоҷик Текстил» воситаи нақлиётро идора карда натавониста, як нафар пиёдагард, зани тахминан 25-30-соларо зада аз пой афтондааст. Дар натиҷа, ҷавонзани пиёдагард ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, айни замон дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиш қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *