Аз таҳти дил бихандед!
Қарздор
Аз марде мепурсанд:
— Шумо наметарсед, ки аз коронавирус вафот мекунед?
Мард дар посух мегӯяд:
— Ман аз бонк қарздор ҳастам, онҳо маро мурдан намемонанд.
Оташ
Ба хадамоти оташнишонӣ марде занг зада, мегӯяд:
— Алло, ин ҷо мақомоти оташнишонӣ аст? Хонаи ман сӯхта истодааст!
Аз хадамот мепурсанд:
— Шумо дар кадом маҳалла қарор доред?
Мард мегӯяд:
— Дар назди телефон. Атрофам сӯхта истодааст. Ман чӣ кор кунам?
Аз хадамот мегӯянд:
— Шумо дар хона дезодорант доред?
Мард бо талвоса:
— Бале, дорам.
Аз хадамот:
— Ба ҳеҷ ваҷҳ онро дар наздикии оташ пош надиҳед!
Рост мегӯяд
Навқаламе ба Ашӯр Сафар хабар расонида, мегӯяд, ки Сафармуҳаммад Аюбӣ шеъре навиштааст бо чунин мазмун: то Ашӯр Сафар намурад, мо обрӯ намегирем.
— Аюбӣ рост мегӯяд,- посух медиҳад Ашӯр Сафар.- Мо ҳам Вализодаро ҳамин хел мегуфтем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ