Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Маҷбур

Аз марде пурсиданд:

— Фарқи марди муҷаррад аз зандор дар чист?

Мард гуфт:

— Муҷаррад ҳама корҳои хонаро худаш мекунад.

Боз пурсиданд:

— Зандор чӣ?

Мард гуфт:

— Зандорро занаш маҷбур мекунад, ки кор кунад.

Кори шаб

Аз марде пурсиданд:

— Комилҷон, чанд фарзанд дорӣ?

Комил дар ҷавоб:

— Худоро шукр, 12-то.

Боз пурсиданд:

— Душвор нест магар?

Комил мегӯяд:

— Кори шаб — хандаи рӯз.

Сари луч

Зан ба шавҳараш мегӯяд:

— Э мардак, о дар ин барфу борону шамол барои чӣ сари луб-луч дар кӯча мегардӣ? Саратро хунук мезанад охир, чаро телпак напӯшидӣ?

Шавҳар дар ҷавоб:

— Кампир, доду фарёд накун, саре, ки дар 80 рафта, олим нашуд, академик нашуд, профессор нашуд, шоир нашуд, агроном нашуд, мон, ки сармояш занад!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *