Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Ҷанҷол

Писар аз падар мепурсад:

— Дада, барои чӣ бо модарам гап намезанед?

Падар мегӯяд:

— Модарат гуфт, ки либосҳояшро ба камбағалон хайр кардан мехоҳад. Ман гуфтам, ки агар либосаш ба камбағалон дуруст ояд, пас онҳо чандон камбағал ҳам нестанд. Модарат аз ин гапам ранҷида, ҷанҷол кард.

Ниқоб

Марде ба занаш занг зада, мегӯяд:

— Алло, занак, ман дар мағоза ҳастам. Чӣ гирам?

Зан мегӯяд:

— Ту бо ниқоб ҳастӣ?

Мард:

— Бале, ниқоб дорам.

Зан:

— Ин тавр бошад, пулҳои хазинаро гир!

Имкон

Зан ба духтур мегӯяд:

— Духтур, шавҳарам пайваста дар хобаш гап мезанад. Ягон тавсия диҳед!

Духтур мегӯяд:

— Ба шавҳаратон имкон диҳед, ки рӯзона гап занад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *