латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Бӯса

Зан бодиққат ба шавҳараш, ки доруи бедоркунандаи рағбатро ба чор қисм тақсим кардан мехоҳад, нигариста, мегӯяд:
— Мардак, охир ин доруро пурра бояд истеъмол намоӣ!
Мардак дар ҷавоб:

— Ман туро танҳо бӯсидан мехоҳам…

Хунхӯр

Дар тарабхона пешхизмат аз марде, ки ҳамроҳи занаш омадааст, мепурсад:

— Завҷаи шумо чӣ менӯшад?

— Хуни маро,- ҷавоб медиҳад мард.

Картошкачинӣ

Соати 23:00 шавҳар дар назди оина гарданбанд мебандад, занаш мепурсад: 
— Ту ба куҷо? 
— Ба моҳиқапӣ,- ҷавоб медиҳад мард. 

Зан ба хонаи дигарӣ даромада, дарҳол куртаи беҳтаринашро ба бар мекунад. Шавҳараш ҳайрон шуда, мепурсад: 

— Ту ба куҷо?

Зан дар ҷавоб:

— Ба хонаи модарам, картошкачинӣ!!!

Ҳақиқат

Зан аз кор баргашта, шавҳарашро масту аласт меёбад: 
— Чӣ қадар арақ нӯшидӣ? 
— Ду шиша пиво. 
— Дурӯғ мегӯйӣ!
— Мана аз сагамон пурс, ҷонвар фиребро намедонад,- мегӯяд шавҳар.

Зан ба саг рӯ оварда, мепурсад: 
— Чӣ қадар пиво нӯшид? 
— Ҳав, ҳав,- садо мебарорад саг. 
— Арақро чӣ?,- боз мепурсад зан. 
— У-у-у-у-у-у-у-у!,- уллос мекашад саг.

Оғӯш

Баъди он ки зане фарзанди нуҳумашро таваллуд мекунад, момодоя шавҳари занро ба назди худ даъват карда, мегӯяд: 
— Дафъаи дигар, ҳамин ки занатонро ба оғӯш гирифтед, фикр кунед, ки боз як фарзанди дигарро таъмин карда метавонед ё не… 
— Муҳтарам табиб,- ҷавоб медиҳад мард,- вақте ки ман занамро ба оғӯш мегирам, гумон мекунам тамоми Тоҷикистонро хӯронда метавонам!

Танкбозӣ

— Табиб, шавҳарам чунон гирифтори бозиҳои компютерӣ гаштааст, ки шабу рӯз танкбозӣ мекунад! Вай маро гӯё намебинад…

— Марди дигареро ёфта, коре кунед, ки рашкашро биёред, шояд он гоҳ таваҷҷуҳаш ба шумо ҷалб шавад.

Баъди як ҳафта зан боз ба назди табиб меояд.

Табиб:

— Тавсияи маро иҷро кардед?

— Бале, марди дигареро ёфтам.

— Шавҳаратон чӣ кор кард?

Зан мегӯяд:

— Акнун онҳо дукаса танкбозӣ мекунанд…

Арзиш

Мард дар роҳ духтари зебоеро дида, мегӯяд:

— Духтарак, шуморо як дақиқа мумкин аст?

— Як дақиқа — як доллар,- посух медиҳад духтар.

— Бо камоли майл!,- мегӯяд мард.
— Бо камоли майлаш қиматтар мешавад,- мегӯяд духтар.

Қабристон

Ду рафиқ бо ҳам вомехӯранд. Баъди салому пурсупос яке аз дигарӣ мепурсад:
— Занат чӣ хел?

Ҳамин дам ба ёдаш мерасад, ки як моҳ пеш зани дӯсташ мурда буд ва худро аз вазъияти нобоб бароварданӣ шуда, меафзояд:

— Ҳоло ҳам дар ҳамон қабристон аст?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *