Аз таҳти дил бихандед!
Бӯса
Зан бодиққат ба шавҳараш, ки доруи бедоркунандаи рағбатро ба чор қисм тақсим кардан мехоҳад, нигариста, мегӯяд:
– Мардак, охир ин доруро пурра бояд истеъмол намоӣ!
Мардак дар ҷавоб:
– Ман туро танҳо бӯсидан мехоҳам…
Хунхӯр
Дар тарабхона пешхизмат аз марде, ки ҳамроҳи занаш омадааст, мепурсад:
– Завҷаи шумо чӣ менӯшад?
– Хуни маро,- ҷавоб медиҳад мард.
Картошкачинӣ
Соати 23:00 шавҳар дар назди оина гарданбанд мебандад, занаш мепурсад:
– Ту ба куҷо?
– Ба моҳиқапӣ,- ҷавоб медиҳад мард.
Зан ба хонаи дигарӣ даромада, дарҳол куртаи беҳтаринашро ба бар мекунад. Шавҳараш ҳайрон шуда, мепурсад:
– Ту ба куҷо?
Зан дар ҷавоб:
– Ба хонаи модарам, картошкачинӣ!!!
Ҳақиқат
Зан аз кор баргашта, шавҳарашро масту аласт меёбад:
– Чӣ қадар арақ нӯшидӣ?
– Ду шиша пиво.
– Дурӯғ мегӯйӣ!
– Мана аз сагамон пурс, ҷонвар фиребро намедонад,- мегӯяд шавҳар.
Зан ба саг рӯ оварда, мепурсад:
– Чӣ қадар пиво нӯшид?
– Ҳав, ҳав,- садо мебарорад саг.
– Арақро чӣ?,- боз мепурсад зан.
– У-у-у-у-у-у-у-у!,- уллос мекашад саг.
Оғӯш
Баъди он ки зане фарзанди нуҳумашро таваллуд мекунад, момодоя шавҳари занро ба назди худ даъват карда, мегӯяд:
– Дафъаи дигар, ҳамин ки занатонро ба оғӯш гирифтед, фикр кунед, ки боз як фарзанди дигарро таъмин карда метавонед ё не…
– Муҳтарам табиб,- ҷавоб медиҳад мард,- вақте ки ман занамро ба оғӯш мегирам, гумон мекунам тамоми Тоҷикистонро хӯронда метавонам!
Танкбозӣ
– Табиб, шавҳарам чунон гирифтори бозиҳои компютерӣ гаштааст, ки шабу рӯз танкбозӣ мекунад! Вай маро гӯё намебинад…
– Марди дигареро ёфта, коре кунед, ки рашкашро биёред, шояд он гоҳ таваҷҷуҳаш ба шумо ҷалб шавад.
Баъди як ҳафта зан боз ба назди табиб меояд.
Табиб:
– Тавсияи маро иҷро кардед?
– Бале, марди дигареро ёфтам.
– Шавҳаратон чӣ кор кард?
Зан мегӯяд:
– Акнун онҳо дукаса танкбозӣ мекунанд…
Арзиш
Мард дар роҳ духтари зебоеро дида, мегӯяд:
– Духтарак, шуморо як дақиқа мумкин аст?
– Як дақиқа – як доллар,- посух медиҳад духтар.
– Бо камоли майл!,- мегӯяд мард.
– Бо камоли майлаш қиматтар мешавад,- мегӯяд духтар.
Қабристон
Ду рафиқ бо ҳам вомехӯранд. Баъди салому пурсупос яке аз дигарӣ мепурсад:
– Занат чӣ хел?
Ҳамин дам ба ёдаш мерасад, ки як моҳ пеш зани дӯсташ мурда буд ва худро аз вазъияти нобоб бароварданӣ шуда, меафзояд:
– Ҳоло ҳам дар ҳамон қабристон аст?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ