Аз таҳти дил бихандед!
Имкон
Писарак аз падараш мепурсад:
— Дада, чаро хурӯс ин қадар барвақт фарёд мекунад?
Падар дар ҷавоб:
— Бояд фурсатро аз даст надиҳад, бачам. Зеро агар мокиён пеш аз ӯ бедор шавад, дигар имкони гап задан намеёбад.
Сурудхонӣ
Писарчаи хурдсоле ҳамроҳи модараш дар боғ сайругашт мекунанд. Ногаҳон писарча бо овози баланд мегӯяд:
— Очаҷон, ман пешоб дорам.
Модараш ӯро ором карда, мегӯяд:
— Писарам, дар байни мардум ин хел нагӯ, айб аст. Суруд хондан мехоҳам бигӯ, ман худам мефаҳмам.
Рӯзи дигар, нисфи шаб писарча падарашро аз хоб бедор карда, мегӯяд:
— Падарҷон, ман суруд хондан мехоҳам.
— Бачаҷон, ҳама хобанд, ту ҳам хоб кун. Субҳ шавад, ҳарду якҷоя мехонем.
— Охир, ман ҳозир хондан мехоҳам,- исрор мекунад писарча.
— Хуб, паст-паст дар гӯши ман хондан гир, то дигаронро аз хоб бедор накунӣ,- мегӯяд падар.
Асп
Дар маркази таъмири мошинҳо:
— Усто, ҳолати мошини ман чӣ гуна аст?
Усто дар ҷавоб:
— Медонед чӣ, агар ин мошин неву асп мешуд, ман ба шумо тавсия медодам, ки онро парронед…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ