толеънома

Толеъномаи 26-уми майи соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз нерӯи баланд пайдо мекунед, вале агар коратон хатарнок бошад, мушкилиҳои начандон хурд садди роҳатон мегарданд. Эҳтимол шарикони корӣ дар фикри фиреб кардану ба роҳи ғалат бурдани шумо ҳастанд. Нисбати саломатии худ бепарвоӣ зоҳир карданатон боиси сарф кардани пули калон мешавад.

Савр (21 апрел-22 май)

Рӯзи хатарнок аст. Ба коре, ки баъдан боиси пушаймониятон мегардад, даст назанед. Аз кори вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед, эҳтимоли ҷароҳат бардоштану хурӯҷ намудани бемориҳои музмин вуҷуд дорад. Дар хоб дидани қабристон аз он далолат мекунад, ки чанд муддат азоби бенавоӣ мекашед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз ба хотири ба даст овардани пули бе дарди миён ташвиши зиёд мекашед. То замоне ки аз пайи тиҷорати ҳаром мешавед, дар касбу коратон мушкилӣ сар мезанад. Ба эҳсосоти манфӣ дода нашавед. Нафароне, ки дар фикри бунёд кардани оила ҳастанд, бояд зудтар аз паси тӯй шаванд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз нафареро пайдо карда метавонед, ки дарду аламатонро гӯш карда, ғамхорӣ зоҳир менамояд. Дӯсти ғамхорро дар симои ҳамкори наватон пайдо мекунед. Дар ҷодаи муҳаббат бурдборӣ насибатон мегардад, хабари хуш мешунавед. Душманонатон дар ин рӯз ба мақсад намерасанд.

Асад (23 июл-23 август)

Дар ин рӯз ба рафтору гуфтори худ диққат диҳед. Бо сабаби беэҳтиётӣ нақшаву ниятҳоятонро ба душмани худ, ки бо хушомад ба дилатон роҳ меёбад, нақл мекунед. Дар ҳаёти шахсиятон эҳтимоли нофаҳмӣ, хафагӣ, дилмондагӣ, муноқишаву низоъ ва ҳатто ҷудоӣ аз ёр ва шахси дӯстдошта имкон дорад.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Бо сабаби номусоидии вазъият нақшаву ниятҳои зиёдатон амалӣ намешаванд. Дар ҳама кор худро гунаҳкор шуморида, нобарориҳоро қабул кардан намехоҳед. Хатари ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст, бодиққат ва эҳтиёткор бошед. Хабаре мешунавед, ки табъатонро хира месозад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Барои амалӣ сохтани орзуҳои наҷиби худ дучори монеаҳо мегардед. Агар шумо ба нафари оиладор ошиқ шуда бошед, бояд номи ӯро аз дафтари умри худ хат занед. Рӯзи хубест барои савдо ва харидани хонаву мошин. Баъди нисфирӯзӣ нотоб мешавед. Хоби дидаатон амалӣ мегардад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи бобарор аст. Чизе наметавонад табъатонро хира созад. Қобилиятҳои кориятон зиёд гашта, ба дили бисёриҳо роҳ меёбед. Баъди нисфирӯзӣ нафаре ба меҳмонӣ меояд, ки аз дидораш шод мегардед. Барои аз муноқиша эмин мондан нисбати калонсолон босабр бошед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи пур аз шодиву нишот ва ташвишҳост. Баъзеҳо соҳиби вазифаи нав мегарданд. Табъатон аз хиёнати дӯстатон хира мегардад. Нуқтаи назари худро пайгирӣ намоед. Ба эҳсосот дода шуданатон ба худатон зарар мерасонад. Баъди нисфирӯзӣ каме нотоб мегардед, вале ин муваққатӣ аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз ба камтарин камбудиҳо бодиққат бошед. Имкони ба даст овардани барору комёбиро аз даст медиҳед. Ба мушкилҳои ҳаёти шахсӣ ё вазъияти ногувори дар корхонаатон сарзада омода бошед. Аз шунидани хабарҳои ногувор табъатон хира мешавад ё нотоб мегардед. Бо сабаби хастагии зиёд каме худро бад ҳис мекунед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Амалӣ шудани нақшаву ниятҳоятон эҳсоси қаноатмандӣ мебахшад. Агар дар ҷодаи муҳаббат муваффақ шудан хоҳед, нисбати ёр сард набошед. Маҳз дар ҳамин рӯз орзуеро амалӣ месозед, ки вақтҳои охир шуморо тарк намесохт. Аз кори якранг ҳаловат бардошта, шукрона мекунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз дар ҷодаи муҳаббат комёб мегардед, хушчақчақиву меҳрубониятон боиси ҷалб шудани шарикони корӣ мегардад. Шиносони нав бароятон такягоҳ мегарданд. Аз ҳузури фарзандон ҳаловат мебардоред.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *