Дар Душанбе Фестивали атласу адрас баргузор мегардад

27-уми май дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии пойтахт даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он доир мешавад.

Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст.

Бояд гуфт, ки дар доираи баргузории фестивал барои тарғибу ташвиқи анъанаҳои фарҳанги либоси миллӣ ва истеҳсоли матоъҳои атласу адрас беҳтарин либосҳои миллӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

Дар идомаи фестивал барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо суруду тарона ва рақсҳои дилнишин пешкаши иштирокчиён мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *