Аз таҳти дил бихандед!
Чашму дандон
Шахсе ба дӯсташ гуфт:
— Маро чашм дард мекунад, тадбир чӣ бошад?
Гуфт:
— Маро порсол дандон дард мекард, кандам.
Дасти бақувват
Зан духтарашро дуои бад карда, мегуфт:
— Оҳ, сари сахтам! Ҳама дугонаҳои ман кайҳо бибӣ шудаанду…
— Хайр?
— Хайр-хайр! О ту кай ба шавҳар мебароӣ?
— Ҳеҷ гоҳ!
— Барои чӣ?
— Чунки ба мисли шумо дастони бақувват надорам.
— О, ба ин дасти бақувват чӣ дахл дорад?
— Дорад. Агар не, ман ба монанди шумо ду халтаи пурборро чӣ хел аз мағозаву бозорҳо кашида меорам?
Пултақсимкунӣ
Дар таваллудхона ҳамшираи шафқат аз ҳамкораш мепурсад:
— Ин садои баланди доду фиғони ҳамон чоргонаи дирӯз ба дунё омада аст?
— Не, ин падари онҳост, ки аз дасти пултақсимкунӣ дод мегӯяд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ