толеънома

Толеъномаи 31-уми майи соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи бобарор аст. Тамоми корҳоятон бо осонӣ анҷом ёфта, мушкилоти пулӣ муваққатан рафъ мегарданд. Нафароне, ки дар ин рӯз ақди никоҳ мебанданд, хушбахт мешаванд. Эҳтимоли туҳфа гирифтану бурд карданатон зиёд аст. Бегоҳирӯзӣ мушкилоти дар ҳаёти шахсиятон рухдодаро рафъ месозед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз аз ҳад зиёд ошкорбаёнӣ накунед, сирри дилро ҳатто ба наздикони худ накушоед, вагарна ҳар гапи гуфтаатонро бар зидди худатон истифода мебаранд. Бо нафаре, ки нисбаташ дар дил меҳру муҳаббат доред, ҳамкорӣ накунед. Дар акси ҳол коратон барор намегирад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз мардон диққати бонувонро ҷалб месозанд, вале бо муносибатҳои ошиқона машғул шуданро маслиҳат намедиҳем. Бонувоне, ки бо тиҷорат машғуланд, муваффақ мегарданд. Эҳтимол манбаҳои нави даромадро пайдо мекунед. Бо нафароне, ки нонашонро бо меҳнати ҳалол ба даст намеоранд, ҳамкорӣ накунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Нафароне, ки нисбати роҳбарияти худ фиребро ба кор бурдан мехоҳанд, пушаймон мешаванд. Агар шахси дӯстдоштаатон ҳамкасбу ҳамкоратон набошад, пас шуморо танҳо лаҳзаҳои хурсандибахш насиб мегардад. Дар ҷое, ки кор мекунед, ба ишқбозӣ роҳ надиҳед. Саломатии худро танҳо ба табибони кордону ботаҷриба бовар кунед.

Асад (23 июл-23 август)

Рӯзи бобарор аст. Дилрабоиву фатонати бонувон чунон зиёд мешавад, ки нафаре ба хонуми зебо зиддият нишон дода наметавонад. Шумо атрофиёнро ба худ ҷалб мекунед, ба ваҷд меоред, баъзеҳоро ба хушомадзанӣ водор месозед. Корҳоятон бо осонӣ амалӣ гашта, ҳатто мушкилоти пулӣ муваққатан рафъ мегардад.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Аз нафароне, ки дар ҳузурашон худро бад ҳис мекунед, худро дур гирифта, аз ҳамкорӣ бо эшон худдорӣ намоед. Айни замон нафароне ба шумо таваҷҷуҳ мекунанд, ки чандон бомаданият нестанд. Бегоҳирӯзӣ мушкилоти дар ҳаёти шахсиятон сарзадаро рафъ месозед. Бо вуҷуди ҳама гуна санҷишҳо оромиро нигоҳ доред.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз диққати зиёду ғамхории худро ба наздиконатон равона созед. Айни замон нафареро меранҷонед ё ба иззати нафсаш мерасед. На танҳо нисбати атрофиён, балки дар масъалаҳои пулӣ бодиққат бошед. Аз қарз гирифтану ба нафаре қарз додан худдорӣ намоед. Дӯст ё ҳамкоратон барои баромадан аз вазъияти душвор кумак мерасонад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи пур аз ҳодисаву ташвишҳои зиёд аст. Заҳмати зиёд кашиданатон лозим меояд. Вале агар аз уҳдаи коре набароед, кӯшиши зиёд ба харҷ надиҳед. Нисбати дӯстдоштаи худ меҳрубонтар бошед. Кори якрангу бемаънӣ асабатонро хароб месозад. Хастагӣ боиси худро бад ҳис карданатон мегардад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Аз гардишҳои ногаҳонии қисмат эҳтиёт бошед. Дар ҳаёти шахсиятон эҳтиёт шудану бодиққат буданро тавсия медиҳем. Орзуҳоятон амалӣ мешаванд ё баръакс бо шахсе, ки дӯсташ медоред, нофаҳмӣ рух медиҳад. Дар ин рӯз бо харид ё савдо машғул шуданро тавсия намедиҳем, эҳтимоли аз даст додани маблағи пулӣ имконпазир аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Корҳоеро, ки боиси сар задани мушкилиҳо мегарданд, ба таъхир гузоред, вагарна аз уҳдааш намебароед. Дар ин рӯз истироҳат карданатон беҳтар аст. Ҷаддиҳои муҷаррад имкони пайдо кардани нафареро меёбанд, ки ба зиндагияшон рангу бӯйи тоза ворид месозад. Агар бемор шавед, табобаташ тӯл мекашад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз нақшаву ниятҳоятонро амалӣ месозед ва барои меҳнати бештар кардан хоҳишу нерӯ пайдо мекунед. Эҳтимол сарчашмаи нави даромадро пайдо мекунед. Дар ҳама кор бо амри дил амал намоед.  Яъсу ноумедиро аз худ дур намоед. Нишонаҳои бемориеро, ки аз худ дарак медиҳад, бепарво нагузоред.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ягон ҳодисаи глобалӣ рух намедиҳад. Корҳои ҳаррӯзаро бошад, бе ягон душворӣ ҳал мекунед. Аз ҷониби наздикон дастгириву якдигарфаҳмӣ дида мешавад. Тамоми нерӯи худро барои корҳои нек сафарбар намоед. Ҳар хубие, ки дар ин рӯз мекунед, дар оянда дучанд шуда бармегардад. Ба саломатии худ бодиққат бошед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *