Донишҷӯдухтари Коллеҷи санъат дар озмуни байналмилалӣ ҷои аввалро гирифт

Донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи фортепианои Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулови шаҳри Душанбе Мария Чебоненко дар озмуни байналмилалии «Классикаи зинда-2023», ки дар Русия баргузор шуд, соҳиби медали тилло гардид.

Бино ба иттилои маъмурияти коллеҷи мазкур, ин озмуни байналмилалӣ аз 4 то 25-уми май баргузор шуда, дар он кӯдакону наврасон аз манотиқи Русия ва кишварҳои дигари ҷаҳон иштирок доштаанд.

Қобили зикр аст, ки тӯли 10 сол дар ин озмун аз Русия ва 80 кишвари ҷаҳон беш аз 10 миллион донишҷӯ иштирок кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *