Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Шонс

Мизоҷ:

— Духтурҷон, ягон умеди зинда мондани ман ҳаст?

Табиб:

— Умед-ку ҳаст, аммо шонс надорӣ ҷӯра, шонс.

Раис ва Мушфиқӣ

Раиси шаҳр Мушфиқиро дар кӯча дошта, пурсид:

— Намози бомдод чанд ракаат аст?

Мушфиқӣ гапашро гум карда:

— Ҳашт ракаат, тақсир…

Раис ба одамонаш фармуд, ки Мушфиқиро луч карда, даҳ дурра зананд. Мушфиқӣ дар зери шаллоқ дод мезад. Занаш, ки дар пушти дарвоза истода буд, гуфт:

— Муред шумо, мардаки беҳуш! Охир, чор ракаат гӯед, намешуд?

Мушфиқӣ занашро коҳиш кард:

— Дам шав, занаки беақл, ҳашт ракаат гуфта даҳ дурра хӯрдам, агар чор ракаат мегуфтам, албатта бист дурра мезаданд, ки мурда мемондам!

Ҷуғрофия

Муаллими ҷуғрофия назди табиб меравад. Духтур:

— Аз чӣ шикоят доред?

— Поям дард мекунад.

— Куҷояш?

— Аз буҷулаки по ба самти шимолу шарқ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *