Вафо

Тағйироти кадрӣ. Кӣ омаду кӣ рафт? (ном ба ном)

Бо фармонҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  имрӯз, 31 май дар сохторҳои соҳаи маориф ва корпусҳои дипломатӣ тағироти кадрӣ сурат гирифт.

РАФТАНД:

Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ва ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Эстония, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Латвия, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Литва, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Финляндия, Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод карда шуд.

Раҳматуллозода Эркинхон бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва ҳамзамон Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерландия, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳертсогии Бузурги Люксембург, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) озод карда шуд.

Шарифзода Юсуф Тоир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея озод шуд.

Ҳомидов Ҷамшед Тағоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария ва ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони байналмилалии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид дар Шоҳигарии Испания озод карда шуд.

Шарифзода Фаррух Ҳомиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон озод шуд.

Субҳонзода Икром Субҳон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

ОМАДАНД:

Бо фармонҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон шахсони зерин ба вазифа таъин шуданд:

Сафарзода Бахтовар Амиралӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус таъин гардид.

Ҳусейнзода Музафар Маҳмурод Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия таъин шуд.

Киром Салоҳиддин Амриддинзода Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея таъин шуд.

Шерализода Шараф Аҳмадҷон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария таъин шуд.

Ниятбекзода Вафо Алибек Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон таъин шуд.

Саидзода Муҳаммадтоир Саид директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *