Аз таҳти дил бихандед!
Мард аз майхона меояд
Марде, ки бо ду борхалтаи пур аз бозор меомад, шиносашро ширакайф дида, гуфт:
— Номард, боз аз майхона меоӣ?
Гуфт:
— Мард аз майхона меояд, номард аз бозор.
Хоб
Депутате аз сесия бармегашт.
Пурсиданд:
— Он ҷо чӣ мекардӣ?
Гуфт:
— Хоб!
Савол
Харидор бо мақсади ба асаби қассоб расидан аз ӯ мепурсад:
— Ин гӯшт дар зинда буданаш “мияв” мегуфт ё “вов-вов”?
Қассоб дар ҷавоб:
— Ин гӯшт дар вақти зинда буданаш ҳар хел савол медод!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ