Ҷо Байден боз афтод. Чаро? (видео)

— Президенти ИМА Ҷо Байден пас аз бозгашт аз Колорадо ҳангоми баромадан аз чархбол сарашро зад,- хабар медиҳанд расонаҳои ҷаҳон бо такя ба як ҳавзаи хабарнигорони Кохи Сафед.

Ҳодиса дар майдончаи Кохи Сафед рух дод, ки чархболи президент дар он ҷо фуруд омад. «Ӯ ҳангоми баромадан аз чархбол сарашро ба остонаи дар зад»,- гуфта мешавад дар ҳавзаи матбуотӣ. Кохи Сафед вазъи саломатии ӯро хуб арзёбӣ кард.

Байден аз маросими хатми Академияи Неруҳои Ҳавоӣ бармегашт, ки ин онҷо ҳам барои ӯ осон набуд. Як рӯз пеш ҳангоми дар минбар буданаш ба қуттии рег пешпо хӯрда афтод. Аввалин талоши президенти Амрико барои хестан бенатиҷа буд, аммо посбонҳое, ки сари вақт расиданд, ӯро кумак карданд.

Ҷо Байден, ки имсол 81-сола мешавад, куҳансолтарин президенти Амрико дар таърих шуд. Вақтҳои охир чандин бор пешпо хӯрд ё афтод, ҳавоӣ салом кард ё дар саҳна гум шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *