Аз таҳти дил бихандед!
Гӯсфанд
Дар як ноҳия аз хориҷа меҳмон меояд. Раиси ноҳия меҳмононро ба утоқи худ дават карда, аз котиба хоҳиш мекунад:
— Барои ин чор гӯсфанд қаҳва биёр!
Яке аз меҳмонҳо мегӯяд:
— Барои се гӯсфанд қаҳва биёрад, ман тарҷумон ҳастам.
Зардолу
Фурӯшандае килои зардолуро бо арзиши 5 сомонӣ ва килои донаи зардолуро бошад, 10 сомонӣ мефурӯхт. Нафаре пурсид, ки чаро донааш аз зардолу қиммат аст?
Фурӯшанда гуфт:
— Донааш ақли инсонро зиёд мекунад.
Мард камтар фикр карду гуфт:
— Як килограмм аз донаи зардолу бидеҳ!
Машғули хӯрдани зардолу, андеша намуд, ки агар зардолу мехарид, ҳам зардолу мехӯрд, ҳам донаашро мехӯрд ва ҳам арзон меафтод.
Мард рафта ин фикрашро ба фурӯшанда гуфт. Фурӯшанда бошад, дар ҷавоб гуфт:
— Гуфта будам ку, донаи зардолу ақли одамро зиёд мекунад. Дидӣ, туро дар як лаҳза боақл кард.
Посух
— Ман туро дӯст медорам.
— Раҳмат.
— Росташро гӯям, ман аз ту посухи дигарро интизор будам.
— Раҳмати калон?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ