Куҳистони Мастчоҳ: Беш аз 1 млн сомонӣ ба 318 оила

Ҷунбиши Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бар асоси муроҷиати сокинони Куҳистони Мастчоҳ ба хонаводаҳои осебдидаи зилзила кумаки моддӣ расонд.

Гуфта мешавад, ки маблағи ҷудошуда барои барқарорсозии манзилҳои харобшуда пешбинӣ шуда, ба ҳар як оилаи осебдида барои барқарорсозии манзилҳояшон дар моҳи марти соли 2023-юм 3,6 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Маблағи умумии ёрӣ аз 1,1 миллион сомонӣ гузаштааст. Ба Ҳилоли Аҳмар аз деҳаҳои Пакшиф, Палдорак, Самчон, Деҳманора ва дигар деҳаҳо ҳамагӣ 318 оила муроҷиат кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 23-юми март дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ як силсила заминларзаҳо рух дод. Тибқи ҳисобҳои Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон, шиддати ин зилзила аз 3,9 то 6 баллро ташкил додааст.

Бино ба иттилои ҷунбиши Салиби Сурхи Тоҷикистон, беш аз 720 хонавода бар асари заминларза осеб дидаанд. Илова бар ин, бар асари зилзилаҳои шабона тақрибан 120 сар чорво ҳалок шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *