Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд

8-уми июн амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, ки бо сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор дорад ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанберо ифтитоҳ карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, инчунин шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ин иншооти муҳими маънавиро ифтитоҳ бахшиданд.

Пас аз маросими расмии ифтитоҳ ташрифовардагон бо шоҳкории меъмории миллии тоҷикона ва шароит барои намозгузорон дар он шинос шуда, пас аз он барои сохтмони масҷид ду ракаат намоз хонданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба амири Қатар барои саҳмгузорӣ дар бунёди ин шоҳкорӣ изҳори сипос намуда, татбиқи лоиҳаро намунаи олии ҳамкории ду давлат арзёбӣ кард. Пешниҳод гардид, ки ба хотири хизматҳои барҷаста дар олами ислом Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи “Имоми Аъзам — Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит” гузошта шавад.

Ёдовар мешавем, ки 5-уми октябри соли 2009 зимни бузургдошти  Имоми Аъзам дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии ӯ бо иштироки Президенти мамлакат ва олимону сиёсатмадорони воломақоми давлатҳои зиёди ҷаҳон санги асоси бузургтарин масҷиди ҷомеи Тоҷикистон гузошта шуд.

Бояд гуфт, ки барои бунёди ин маҷид мутахассисони варзидаи ду кишвар саҳм гузошта, 5-уми октябри соли 2011 корҳои сохтмони иншоот оғоз гардида буд.

Гуфтанист, ки бинои масҷид дар 3 гектар ва ҳудуди он дар 12 гектар ҷойгир шуда, дорои 3 даромадгоҳи калон мебошад. Ғунҷоиши он 133 ҳазор намозгузор дар як вақтро ташкил дода, 43 ҳазор намозгузор дар дохили масҷид ва боқимонда дар гирду атрофи он ҷой мегиранд.

Масоҳати ошёнаи якуми бино, дар маҷмуъ, 18 444 метри мураббаъ, дохили толорҳо 14 000 метри мураббаъро ташкил дода, бо қолини истеҳсоли ватанӣ қолинпӯш гардидаааст ва дар қисмати ҷанубу ғарби толори калони намозгузорӣ меҳроб ҷойгир шудааст.

Масҷид аз 4 манора бо баландии 74 метр, ду манораи хурди ороишӣ бо баландии 21 метр, гумбази зебову мунаққаши калон бо баландии 43 метр ва 17 гумбази хурд бо баландии 35 метр иборат мебошад. Дар дохили масҷид 6 синфхонаи барҳаво, толори қабули меҳмонон ва гузаронидани мулоқоту вохӯриҳо, 2 китобхона, 9 ҳуҷраи корӣ, 3 меҳмонхона ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир шудааст.

Намои берунаи бинои иншоот 62 393 метри мураббаъро ташкил дода, масоҳати 33 963 метри мураббаъ бо мармари сафед оро ёфтааст. Дар гирду атрофи иншоот дар масофаи 92 000 метри мураббаъ корҳои кабудизоркунӣ гузаронида шуда, дар ду тарафи даромадгоҳ, ҳамчунин, таваққуфгоҳ барои 500 воситаи нақлиёт бунёд гардидааст.

Барои ороиши масҷид 6 630 метри мукааб кошин ва 2 800 метри мукааб мармари сиёҳ истифода шудааст. Саҳни ҳавлии дохили бино аз 4 800 метри мураббаъ ва як фаввора иборат буда, дар он ҷо дар як вақт 8 000 намозгузор ҷой гирифта метавонанд. Дар маҷмуъ, масҷид дорои 178 дар мебошад, ки 40 адади он аз чӯби чормағз омода гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *