Хоҳиши КҲФ аз шаҳрвандон: Бештар об нӯшед ва сабзавоту меваҷот бихӯред!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ ҳушдор медиҳад, ки бо сабаби омадани ҳавои гарму хушк аз ҷанубу ғарб дар қаламрави Тоҷикистон болоравии заминаҳои ҳарорат дар назар аст.

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии кишвар, дар ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон ҳаво 38-42 дараҷа гарм мешавад. Дар водиҳо 35-40 ва дар ноҳияҳои куҳӣ то +36 дараҷа гарм мешавад. Шамол то 15-20 м/с афзоиш ёфта, аз 9 то 12-уми июн дар кишвар тӯфони чангу ғубор ба вуҷуд меояд.

Дар робита ба ин, кумита дар ин рӯзҳо аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки ба далели бехатарӣ дар кӯчаҳо камтар баромада, либосҳои барҳаво ва равшани ранга аз матоъҳои табиӣ пӯшида, бештар об нӯшанд ва сабзавоту меваҷот бихӯранд.

Ҳамчунин КҲФ ҳушдор додааст, ки афзоиши ҳарорат боиси об шудани барф дар куҳистон ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо мешавад. Эҳтимоли дар доманакуҳҳо ва ноҳияҳои куҳсори кишвар омадани селро пешгӯӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *