Аз таҳти дил бихандед!
Чою чаппотӣ
Марде дар пеши биное навиштаи “Ошхонаи миллӣ”-ро дида, чун гули қоқу шукуфт.
“Э, хайрият-е! Ғами мардуми таҳҷоиро ҳам мехўрдаанд!”,- гўён, давида ба ошхона даромад ва шодон аз пешхизмат пурсид:
— Чӣ доред, ака?
Вай дар ҷавоб гуфт:
— Чою чаппотӣ!
Ёрӣ
— Духтурҷон, ман мемурам. Ба ман ёрӣ медиҳед?
— Ҳатман, чаро не? Ин аз кисаи шумо вобастагӣ дорад.
Худораҳматӣ
Пиразане аз наберааш пурсид:
— Калон шавӣ, кӣ мешавӣ?
Наберааш зуд тўтивор ҷавоб дод:
— Аввал апа мешавам, баъд арўс мешавам, баъд модар мешавам, баъд момо мешавам.
Пиразан ба ваҷд омада, боз пурсид:
— Боз кӣ мешавӣ?
Наберааш забон хоида, ҷавоб дод:
— Баъд… Баъд худораҳматӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ