Аз таҳти дил бихандед!
Чою чаппотӣ
Марде дар пеши биное навиштаи “Ошхонаи миллӣ”-ро дида, чун гули қоқу шукуфт.
“Э, хайрият-е! Ғами мардуми таҳҷоиро ҳам мехўрдаанд!”,- гўён, давида ба ошхона даромад ва шодон аз пешхизмат пурсид:
– Чӣ доред, ака?
Вай дар ҷавоб гуфт:
– Чою чаппотӣ!
Ёрӣ
– Духтурҷон, ман мемурам. Ба ман ёрӣ медиҳед?
– Ҳатман, чаро не? Ин аз кисаи шумо вобастагӣ дорад.
Худораҳматӣ
Пиразане аз наберааш пурсид:
– Калон шавӣ, кӣ мешавӣ?
Наберааш зуд тўтивор ҷавоб дод:
– Аввал апа мешавам, баъд арўс мешавам, баъд модар мешавам, баъд момо мешавам.
Пиразан ба ваҷд омада, боз пурсид:
– Боз кӣ мешавӣ?
Наберааш забон хоида, ҷавоб дод:
– Баъд… Баъд худораҳматӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ