Аз таҳти дил бихандед!
Тафовут
Устод ба донишҷўе гуфт:
— Капитализму сотсиализмро шарҳ бидеҳ!
Донишҷў гуфт:
— Капитализм, ин яъне, ки одам одамро истисмор мекунад.
Устод гуфт:
— Хуш, сотсиализм чӣ?
Донишҷў гуфт:
— Баръакс!
Аз канор аёнтар
Депутате ба ягон чорабинӣ ҳамроҳ намешуд. Аз ў пурсиданд:
— Чаро ту ҳамеша дар канор меистӣ?
Гуфт:
— Аз канор ҳама чӣ аёнтар аст.
Метарсам
Зан ба сари шавҳар ситеза мекунад:
— О, ту чаро ягон бор ба мағозаву бозор намеравӣ?!
Шавҳар мегўяд:
— Метарсам.
Зан мепурсад:
— Аз чӣ?
Шавҳар посух медиҳад:
— Аз нархҳо.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ