Канзи шифо: Шабушк кӯдакро бемор месозад?

Ба наздикӣ мӯйи сари духтарчаи хурдсолам шабушк пайдо кардаасту ман бехабар мондаам. Кор ба ҷое расид, ки аз мӯйи сари худам низ шабушк рехт. Ростӣ, дар ҳолати асабонияти шадид қарор дорам. Духтарчаам низ иштиҳояш баставу инҷиқ шудааст. Аз тамоми маҳлулу воситаҳо истифода бурда, шабушкро тоза кардам, вале ҳайрон мондаам, ки шабушк аз куҷо пайдо шуда бошад? Охир ман зани тозакор ҳастаму ба тозагии фарзандонам диққати хоса медиҳам. Метарсам, ки шабушк дубора пайдо нашавад. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

НОЗАНИН, шаҳри Душанбе

Посух:

— Ҳарчанд шабушккуниро хоси аҳолии бенаво шуморанд ҳам, сироят ёфтан аз он ниҳоят осон аст. Шабушк ҳатто дар мӯйи сари одамони сарватманду тозатабиат ҳам пайдо мешавад. Ин паразитҳои хурд ниҳоят сернасланд. Шабушк паразити хунмак аст. Он на парида метавонаду на ҷаҳида, лекин дар давидан ниҳоят чаққон аст. Аз ин лиҳоз, шабушк ба зудӣ аз як кас ба каси дигар мегузарад. Бештар кӯдакон гирифтори шабушк мегарданд. Нишонаи асосии шабушк задани мӯй хориши сар аст. Пас аз шонакунии мӯй эҳтимоли пайдо шудани газак вуҷуд дорад. Бар замми ин, гумшавии иштиҳо, бехобӣ ва бар асари он халалёбии системаи асаб сар мезанад.

Тозакунии мӯй осон аст?

Тоза кардани мӯй аз шабушк он қадар кори душвор нест. Пештар роҳи халосиро дар тарошидани мӯйи сар медиданд. Ин усул самарабахш бошад ҳам, вале на ҳама аз мӯйҳои зебояшон маҳрум шудан мехоҳанд. Алъон, дар дорухонаҳо маҳлулҳои зиёди зидди шабушкро мефурӯшанд. Ҳамаи ин маҳлулҳо самаранок ҳастанду бехатар. Аз паразитҳо бо кумаки ин дорувор бо осонӣ халос мешаведу эҳтимоли дубора гирифтори он шуданатон хеле кам мегардад.

Воситаҳои мардумӣ

Новобаста ба он ки фармокология ин мушкилро ниҳоят хуб ҳал мекунад, аксарият пайрави воситаҳои халқӣ ҳастанд. Барои бонувон воситаи беҳтарини раҳоӣ аз шабушк рангкунии мӯй мебошад. Перекис водороде, ки дар таркиби ранги мӯй вуҷуд дорад, фавран тамоми паразитҳоро нобуд месозад. Воситаи дигари хеле муфид собуни аз дуст омодашуда аст. Миқдори зиёди ишқори таркиби ин собун паразитҳоро нобуд месозад, вале ба ҳолати мӯйҳо таъсири бад дорад.

Киросин ва сирко (уксус) низ шабушкро нобуд месозанд, вале ришк -тухми шабушкро нест карда наметавонанд. Тамоми ин воситаҳо ба пӯсти сар ва мӯйҳо таъсири ниҳоят бад мерасонанд.

Баъди истифодаи ҳар як маҳлули шабушккушӣ мӯйи сарро бо шонаи дандонаҳояш зич шона кунед, то ки ришкҳоро резонед.

Беҳтар мебуд, ки мушкилотро пешгирӣ намоед, на бартараф.

Тозагӣ — душмани шабушк

Беҳтарин тадбири пешгирикунандаи шабушк — риояи гигиенаи шахсӣ аст. Аз либосу ашёи дигарон истифода набаред. Ба диққати бонувоне, ки аз маҳлулҳои дорухонагӣ истифода бурданро авлотар медонанд, мерасонем, ки шабушк ба моддаҳои кимиёвии дар таркиби дорувориҳои зидди шабушк истифодашаванда тобовар мегардад. Олимон муайян сохтаанд, ки модаҳои кимиёвии таркиби ин дорувориҳо таҳриккунандаи бемории саратон мегарданд. Бо ҳамин сабаб, аксарият аз воситаҳои табиӣ истифода бурданро авлотар мешуморанд.

Равғани зайтун доруст

Ба мӯйи тар равғани зайтун молида, муддати 8-9 соат нигоҳ доред. Мӯйи саратонро бо маҳлули иборат аз 1/2 оби гарм ва 1/2 сирко обгардон кунеду сипас ба саратон кӯлоҳча пӯшонед ва 15-20 дақиқа нигоҳ доред. Зарур ояд, баъди як ҳафта муолиҷаро такрор намоед.

Тарзи истифодабарии маҳлулҳо

Аввалан мӯятонро бо шона ҳамвор созед. Маҳлулро мувофиқи нишондоди дар тамғакоғаз қайдшуда ба мӯйҳоятон молед. Муҳлати дар нишондод қайдшуда ки гузашт, бо шона мӯятонро шона кунед, то ки шабушку ришкҳои мурдаро резонед.

Бо шампуни оддӣ сар шуста, мӯятонро бо сирко (уксус)-и 2% тоза кунед. Сирко ширешеро, ки тухми шабушкро ба мӯй мечаспонад, тоза мекунад.

Давоми чанд рӯз пайи ҳам мӯятонро шона кунед. Мабодо шабушки зинда пайдо кардед, маълум мешавад, ки маҳлули интихобнамудаатон таъсир намекардааст. 7-8 рӯз пас мӯйҳоятонро аз назар гузаронед, агар шабушки зинда ёфтед, амалиётро такрор намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *