Аз таҳти дил бихандед!
Талаб
Аз сардори холабеғаме пурсиданд:
— Чаро аз тобеонатон кор талаб намекунед?
Ў гуфт:
— О, кор талаб кунам, онҳо ҳам талаб мекунанд-дия!
Гуфтанд:
— Чиро?
Гуфт:
— Истеъфоямро.
Ҷабр
Устоде кори шогирд ба номи худ менавишт ва музд ба ҷайби хеш мезад. Шогирдро тоқат тоқ шуду гуфт:
— Ин чӣ ҷабр аст?
Ў гуфт:
— Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар.
Аз куҷо ёбам?
Марде дигареро дид, ки ба ғам афтода.
Гуфташ:
— Чаро ғамгинӣ?
Ў гуфт:
— Ҳазорсўмаеро майда кардан мехоҳам.
Гуфт:
— Хайр, майда кун.
Гуфт:
— О, он ҳазорсўмаро аз куҷо ёбам?!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ