Аз таҳти дил бихандед!
Талаб
Аз сардори холабеғаме пурсиданд:
– Чаро аз тобеонатон кор талаб намекунед?
Ў гуфт:
– О, кор талаб кунам, онҳо ҳам талаб мекунанд-дия!
Гуфтанд:
– Чиро?
Гуфт:
– Истеъфоямро.
Ҷабр
Устоде кори шогирд ба номи худ менавишт ва музд ба ҷайби хеш мезад. Шогирдро тоқат тоқ шуду гуфт:
– Ин чӣ ҷабр аст?
Ў гуфт:
– Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар.
Аз куҷо ёбам?
Марде дигареро дид, ки ба ғам афтода.
Гуфташ:
– Чаро ғамгинӣ?
Ў гуфт:
– Ҳазорсўмаеро майда кардан мехоҳам.
Гуфт:
– Хайр, майда кун.
Гуфт:
– О, он ҳазорсўмаро аз куҷо ёбам?!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ