Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Шавҳари “меҳрубон”

Зану шавҳаре ҳамроҳ ба пойтахти Исроил — шаҳри Иерусалим мераванд. Ҳамсари мард ногаҳон дар он ҷо вафот мекунад. Коҳин ба мард мегӯяд:

— Равон кардани ҷасади ҳамсаратон ба хона 10 ҳазор доллар арзиш дорад. Агар ӯро дар ин ҷо дафн кунед, арзишаш ҳамагӣ 100 доллар хоҳад буд.

— Ҷасади ҳамсарамро ба хона мебарам,- мегӯяд мард.

Коҳин:

— Харҷи калон чӣ лозим аст?

Марди азодор:

— Охир, Исои Масеҳро дар ин ҷо дафн карданд ва ӯ баъди се рӯз дубора зинда шуд. Намехоҳам, ки бо зани ман ҳам ин ҳодиса рӯй диҳад.

Муносибат

Шаб зан аз шўй рў гардонд. Шавҳар бо ҳайронӣ гуфт:

— Ҳа, боз чӣ бало зад?

Зан хеле ҷиддӣ гуфт:

— Ба муносибати бозоргонӣ мегузарем.

Музди миёнаи меҳнат

— Агар ба ҳисоби миёна гирем, музди меҳнат дар Тоҷикистон 800 сомонӣ аст,- мегӯяд марде ба рафиқаш.

— Ин ҳисоби миёнаро чӣ гуна муайян мекунанд?,- гаранг шуда, савол медиҳад рафиқаш ба мард.

— Мушкил нест, масалан роҳбарамон гӯшт мехӯрад, ман пиёз. Яъне, мо дар якҷоягӣ манту мехӯрем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *