Тағйироти кадрӣ дар Хатлон. Сардори Раёсати фарҳанг вазифаи нав гирифт

Имрӯз Насриддинзода Рамазон сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон таъин шудааст. Ин раёсат муддате боз роҳбар надошт.

Насриддинзода Рамазон то таъин шуданаш ба вазифаи сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон сардори Раёсати фарҳанг дар ҳамин вилоят буд.

Корбарони саҳифаҳои иҷтимоӣ ӯро роҳбари масъулиятшинос ва ҷавони серғайрату донишманд гуфтаанд. Ӯ дар гузашта дар вазифаҳои мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ва сардори Раёсати фарҳанг дар ҳамин вилоят кор кардааст.

Тайи каму беш як соли ахир Қурбоналӣ Қурбонзода сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар виллояти Хатлон буд, ки наздики ду моҳ мешавад муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъин шудааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *