Аз таҳти дил бихандед!
Ба хомўшӣ риоя кунед!
Шахсе аз маҷлис бармегашт. Аз ў пурсиданд:
— Он ҷо чӣ гуфтанд?
Гуфт:
— Рафиқон! Ба хомўшӣ риоя кунед!
Шер
Шер, шоҳи ҷангал издивоҷ кард ва дар маросими тӯяш ҳама ҳайвонҳоро даъват намуд. Муше, ки дар он ҷо ҳузур дошт, зуд-зуд ба шер мегуфт:
— Тӯят муборак шавад, бародар! Тӯят муборак шавад, бародар!
Паланге аз ин гуфтаҳои муш ба хашм омаду гуфт:
— Ту чӣ хел ҷуръат карда, шоҳи ҷангалро бародар мегӯӣ? Ту куҷову шер куҷо?
Муш дар ҷавоб:
— Асабӣ нашав, паланг. Ман ҳам пеш аз зан гирифтанам шер будам…
Зарар
— Абдулло, агар як бори дигар фарбеҳии маро масхара кунӣ, бо ҳамин тоба (сковородка) ба сарат мезанам! Фаҳмидӣ?
— Фаҳмидам.
— Чиро фаҳмидӣ?
— Фаҳмидам, ки вазни ту бар зарари ман аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ