Бархӯрди “Мерседес Бенс” бо “Дулан”: Мусофиру ронанда ба ҳалокат расиданд (видео)

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз як садамаи мудҳиш хабар дод, ки дар пай қурбонӣ дорад.

Бино ба иттилои манбаъ, санаи 05.07.2023, тахминан соати 15:13 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», рақамҳои қайди давлатиаш 9381FF01, Бобоҷонов К. ҳангоми ҳаракат бо хиёбони Рӯдакӣ аз самти кӯчаи Амиршоев ба самти ноҳияи Варзоб, дар рӯ ба рӯи даромадгоҳи корхонаи сементбарорӣ, ҳангоми сабқат намудан ба муқобили самти ҳаракат баромада, ба автомашинаи тамғаи «Хова» (Дулан), рақамҳои қайди давлатиаш 376АА01, таҳти идораи Шарипов Р., ки аз самти ноҳияи Варзоб ба самти кӯчаи Амиршоев бо роҳи худ ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ ронанда ва мусофири автомашинаи «Мерседес Бенс», зани 54-солаи сокини ноҳияи Варзоб ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидаанд.

Ронандаи автомашинаи тамғаи «Хова» (Дулан), марди 44-солаи сокини ноҳияи Варзоб ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

— Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *