Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Шавқи раққоса

Дар тўй яке ба гўши дигаре пичиррос зад:

— Мусиқӣ мурдаро ба рақс меорад мегўянд, рост будааст. Бин, шавқи раққоса чӣ тавр ба ҷўш омад.

Дигарӣ гуфт:

— Кўтоҳбин будаӣ! Шавқи раққосаро мусиқӣ не, пулчаспонӣ ба ҷўш овард.

Қиёмат

Муаллим аз талабае, ки “қиёмат, қиёмат” мегуфт, пурсид:

— Оё ту медонӣ, ки кай қиёмат мешавад?

Талаба посух дод:

— Бале! Ҳар гоҳе, ки падари ман арақ нўшида, ба хона меояд.

Нақша

Марде ба дӯсташ, ки дар муҳоҷират қарор дорад, занг зада, мепурсад:

— Салим, дӯстам, тирамоҳ чӣ нақшаҳо дорӣ?

Салим мегӯяд:

— Нақшаҳои наполеонӣ, дӯстам!

Мард мегӯяд:

— Фаҳмо. Яъне, ту билохира аз Русия гурехтан мехоҳӣ?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *