Аз таҳти дил бихандед!
Шукрона
Ҳамсояҳо бо тамасхур аз зани бешавҳар мепурсанд:
— Бе мард зистан бароят мушкил будагист?
Зан бо заҳрханд посух мегӯяд:
— Э не, шукронаи шавҳарони шумо!
Маъшуқа
Марде ба назди равоншинос омада, аз зиндагии якранг шикоят мекунад. Равоншинос мегӯяд:
— Дар зиндагии шумо шавқу шӯр намерасад. Масалан, барои дилхушӣ маъшуқа ёбед.
Мард мегӯяд:
— Ман ду маъшуқа дорам.
Равоншинос:
— Ин тавр бошад, дар ин бора ба завҷаатон хабар диҳед.
Дастур
Рӯзе фил босуръат аз ҷангал мегурехт. Далелашро пурсиданд. Гуфт:
— Шер дастур додааст, ки ҳама заррофаҳоро бикушанд!
Гуфтанд:
— Туро чӣ кор ба заррофа? Ту ки фил ҳастӣ, чаро нигаронӣ?
Гуфт:
— Бале, медонам, ки фил ҳастам, аммо ҷаноби шер ба пайгирии ин дастур харро маъмурият додааст…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ