Аз таҳти дил бихандед!
Шукрона
Ҳамсояҳо бо тамасхур аз зани бешавҳар мепурсанд:
– Бе мард зистан бароят мушкил будагист?
Зан бо заҳрханд посух мегӯяд:
– Э не, шукронаи шавҳарони шумо!
Маъшуқа
Марде ба назди равоншинос омада, аз зиндагии якранг шикоят мекунад. Равоншинос мегӯяд:
– Дар зиндагии шумо шавқу шӯр намерасад. Масалан, барои дилхушӣ маъшуқа ёбед.
Мард мегӯяд:
– Ман ду маъшуқа дорам.
Равоншинос:
– Ин тавр бошад, дар ин бора ба завҷаатон хабар диҳед.
Дастур
Рӯзе фил босуръат аз ҷангал мегурехт. Далелашро пурсиданд. Гуфт:
– Шер дастур додааст, ки ҳама заррофаҳоро бикушанд!
Гуфтанд:
– Туро чӣ кор ба заррофа? Ту ки фил ҳастӣ, чаро нигаронӣ?
Гуфт:
– Бале, медонам, ки фил ҳастам, аммо ҷаноби шер ба пайгирии ин дастур харро маъмурият додааст…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ