Аз таҳти дил бихандед!
Замони гумшуда
Муаллима дар дарси забони модарӣ аз Меҳрубон мепурсад:
— Меҳрубонҷон, ҷумлаи зеринро гўш кун: «Ман шавҳар меҷўям». Ин ҷумла ба кадом замон дохил мешавад?
Меҳрубон дар ҷавоб:
— Замони гумшуда, муаллима.
Мошин
Марде ба назди мошинаш меояду мебинад, ки касе дар он бо мех навиштааст:
— Мошинатро ранг кун!
Мард аввал ба ғазаб меояд, вале баъдан фикр мекунад, ки дар ҳақиқат мошинашро кайҳо боз ранг накардааст. Рафта мошинро ранг мекунад. Рўзи дигар дар капоти мошин навиштаҷоти дигар пайдо мешавад:
— Ана ин гапи дигар!
Тарс
Мард дар назди ҳамқадаҳҳояш лоф мезанад:
— Вақте менӯшам, аз касе наметарсам!
Як рафиқаш мепурсад:
— Ҳатто аз занат ҳам?
Мард дар ҷавоб:
— Не, то ба ин дараҷа ҳоло маст нашудаам…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ