Чаро “Равшан”-и Зафаробод аз Лигаи олӣ хориҷ шуд?

Дастаи футболи “Равшан”-и Зафаробод ба мушкилоти молиявӣ тоб оварда натавонист ва баъди як сол аз сафи Лигаи олии футбол хориҷ шуду пароканда гардид.

Муассисони тими “Равшан”-и Зафаробод изҳор мекунанд, ки ба ҷуз камбуди молӣ, набуди варзишгоҳ яке дигар аз мушкили умда буд, ки сабаби барҳамхӯрии даста гардид. Хабарнигор Қамари Аҳрор зимни сафар ба ноҳияи Зафаробод аз бузургтарин варзишгоҳи ноҳия дидан кардааст, ки ҳолаташ хеле харобу валангор аст.

Хурсандмурод Ҷумъаев, роҳбари дастаи “Равшан” зимни суҳбат гуфтааст, ки дар иҷроиши буҷаи ноҳия мушкил пеш омад ва ваъдаҳое, ки барои беҳбудии ин даста аз тарафи ҳукумат дода шуда буд, иҷро нагардид.

“Раиси қаблии ноҳия, вақте мо дар Лигаи якум бозӣ мекардем, ваъдаҳои зиёд карда буданд. Мо ба Лигаи олӣ роҳ ёфтем, аммо ваъдаҳои раис иҷро нашуд. Набудани варзишгоҳ ва инчунин аз сабаби набудани маблағ мо ба ду бозии сафарӣ рафта натавонистем ва тибқи оинномаи футбол моро аз лигаи якуми футбол хориҷ карданд”,- гуфтааст номбурда.

Тими футболи “Равшан” соли 2016 бо азми як гурӯҳ ҷавонони футболдӯсти Зафаробод таъсис дода шуда, то соли 2019 дар Лигаи дуюми футболи Суғд ширкат варзидааст. Солҳои 2020-2021 дар Лигаи якум роҳ ёфта, соли 2022 бо комёбии мутлақ ба Лигаи олии футболи Тоҷикистон шомил шуд.

Аммо ин дастаи футбол варзишгоҳи мутобиқ ба меъёрҳои футболи бузург надорад. Нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон бинобар номутобиқатии шароит баргузории бозиҳои бузурги футбол дар бузургтарин варзишгоҳи ин ноҳияро манъ намудаанд.

Аз ҳамин сабаб дастаи “Равшан” давоми шаш соли фаъолияти худ ҳамаи бозиҳояшро дар сафар доир кардааст, ки чунин ҳолат ба вазъи бе ин ҳам хароби молиявии даста хароҷоти зиёд овардааст.

Зуфар Исмоилзода, раиси нави ноҳияи Зафаробод гуфтааст, ки барои таъмири варзишгоҳ талош мекунад.

“Ман ҳамчун раиси навтаъйин гуфта метавонам, ки мо камари ҳиммат мебандем ва варзишгоҳро таъмир мекунем. Варзиш гарави саломатӣ аст”,- зикр кардааст раиси ноҳия.

Ҳайати “Равшан” умедворанд, ки ҳукумати ноҳия варзишгоҳро таъмир мекунад ва шуруъ аз соли оянда онҳо дубора ба майдони футбол бармегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *