Аз таҳти дил бихандед!
Аляскаро наёфтам…
— Ба ту чӣ шуд, чаро гиря мекунӣ?,- пурсид хоҳар аз апааш.
— Муаллими география ба ман баҳои “2” гузошт. Ман Аляскаро наёфтам…
— Туро бину, хаёлпараст! Хайр, баъд дар куҷо монданат ба ёдат омад?
“Разбор”-и ҳайвонот
Падар дарсҳои тайёркардаи писарчаашро тафтиш мекунад. Вақте навбат ба дарси адабиёт мерасад, нахуст аз мавзуъ пурсон мешавад.
Писарча мегӯяд:
— Мазмун ва мундариҷаи идеявии “Баҳориёт”-и Сайидои Насафӣ.
Падар боз мепурсад:
— Канӣ нақл кун, дар “Баҳориёт” дар чӣ бора сухан меравад?
Писарак:
— Дар “Баҳориёт” ҳайвонҳо “разбор” доранд, дада.
Зан
Мард аз зани бадафте мепурсад:
— Бахшиш, шумо Абдулло ном доред?
Зан бо қаҳр:
— Мебахшеду ман зан ҳастам.
Мард мегӯяд:
— Шумо зани даҳшатнок будаед, Абдулло!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ