Аз таҳти дил бихандед!
«Падари ман»
— Алло, шумо роҳбари синфи панҷи “Б”? Писарам имрӯз ба мактаб омада наметавонад.
— Кӣ гап мезанад?
— Падари ман.
Гурба
Дар утоқи духтури асаб модару писарчаи чорсолааш қарор доранд. Табиб савол медиҳад:
— Бачаҷон, канӣ гап зан, гурба чанд пой дорад?
Писарбача дар ҷавоб:
— Чорто.
Духтур боз мепурсад:
— Гурба чанд гӯш дорад?
— Чор гӯш.
Духтур:
— Гурба чанд чашм дорад?
Писарча:
— Дуто.
Духтур:
— Бачаҷон, гурба дум дорад?
Писарача ин дафъа ба модараш нигариста, мегӯяд:
— Оча, ин аблаҳ дар умраш гурбаро надидааст чӣ?
Заррофа
Муаллим аз талаба пурсид:
— Кадом ҳайвон бештар гармиро дӯст медорад?
— Заррофа,- ҷавоб дод шогирд.
— Чаро заррофа?
— Чунки гардани дарози он нисбат ба дигар ҳайвонҳо ба сӯи офтоб бештар майл дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ