Канзи шифо: Табобати занҳои безурёт бо гиёҳҳои табиӣ

Салом! Малика ном дорам ва дар ноҳияи Ашт зиндагӣ мекунам. Шавҳарам инсони хуб ва зиндагиамон ҳаматарафа таъмин аст, вале азоби бефарзандӣ маро дарун ба дарун хӯрда истодааст. Оиладориамонро аллакай 7-8 сол шуд, касоне, ки баробари мо тӯй шуда буданд, аллакай 3-4-тогӣ бача доранд, вале мо то ҳол ба нохуни фарзанд зор ҳастем. Солҳо дар ба дари духтурхонаҳо гашта бошем ҳам, ягон фоида накард. Ҳамин аст, ки ба маслиҳат ниёз дорам.

МАЛИКА, аз ноҳияи Ашт

Посух:

— Хоҳари азиз! Албатта фарзанд доди Худо аст, вале ҳар як инсон бояд барои давом додани наслаш талош намояд. Шуморо лозим аст, ки ҳамроҳи шавҳаратон дар якҷоягӣ аз ташхис гузаред, то аниқ шавад, ки мушкил дар шумо аст ё дар ҳамсаратон. Дар аксари мавридҳо айбро ба сари зан бор мекунанд, вале баъди ташхис маълум мешавад, ки айб дар мард будааст. Зан, агар тухмдонҳояш фаъол ва найчаҳои бачадонаш маҳкам набошад, аксаран метавонад ҳомиладор шавад. Барои ҳамин муҳимтарин коре, ки шумо бояд анҷом диҳед, санҷидани кори тухмдонҳо ва муайян кардани кушода ё маҳкам будани найчаҳои бачадон аст.

Нусхаи аввал

Хонумҳое, ки дар орзуи фарзанд ҳастанд, бояд аз гиёҳи раҳдавак мадад ҷуста, бештар аз ҳамин гиёҳ барои худ даво тайёр кунанд. Тарзи омода кардани даво бисёр осон аст. Ҳамагӣ 20 грамм роҳдаваки хушкро дар як литр оби ҷӯшида дам карда, дар давоми рӯз мисли чой нӯшидан мегиред. Метавонед ҳамчунин решаи офтобпарастро кӯфта, ба шакли хока дароред ва бо каме равғани думба омехта карда, аз зер бардоред.

Нусхаи дигар

Касе нест, ки дар бораи хусусиятҳои гули ҳамешабаҳор нашунида бошад. Шуморо лозим аст, ки як миқдор гули ҳамешабаҳор, забони гов ва бӯймодарони маҳинбаргро гирифта, омехта кунед ва 5 қошуқ аз ин гиёҳҳои омехта ба зарфе андохта, аз болояш оби ҷӯшидагӣ резед. Даҳони зарфро маҳкам карда, монед як-ду соат истад, баъдан онро полонед ва аз ин гиёҳоб рӯзе 3 маротиба 100-грамӣ бинӯшед. Фаромӯш накунед, ки ба ин гиёҳоб асал андохтан лозим аст.

Нусхаи сеюм

Шабона пеш аз хоб асалро бо орд омехта карда, хамир шӯред ва он хамирро дар тоба гарм карда, дар рӯйи ягон матои пахтагин бигиред.  Баъд ба ҷойгаҳи хобатон даромада, хамири гармакро дар қисмати поёни нофатон бандед. Эҳтиёт кунед, ки хамир бисёр сӯзон набошад. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *