Машварати ҳуқуқӣ: Ариза барои фарзандхондӣ чӣ гуна аст?

Ариза дар бораи фарзандхондии кӯдак, ки ба суд пешниҳод мешавад, кадом маълумотҳоро бояд дар бар гирад?

АЗАММАТ, шаҳри Ҳисор

Посухи адвокат Иноят Иноятов:

— Мувофиқи талаботи моддаҳои 274, 275-и Кодекси мурофиавии гражданӣ, ариза оид ба фарзандхондӣ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мехоҳанд кўдакро фарзанд хонанд, ба суди шаҳр ё ноҳияи маҳали истиқомат ё маҳали ҷойгиршавии кўдаки фарзандхондшаванда ва ё маҳали истиқомати ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) пешниҳод карда мешавад.

Дар аризаи фарзандхондии кўдак бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:

— насаб, ном, номи падар ва маҳали истиқомати шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда);

— насаб, ном, номи падар, санаи таваллуд ва маҳали истиқомат ё маҳали ҷойгиршавии кўдаки фарзандхондшаванда;

— насаб, ном, номи падар ва маҳали истиқомати падару модари кўдаки фарзандхондшаванда, бародару хоҳар доштани ў. Дар сурати ғайриимкон будани ба даст овардани маълумоти мазкур дар ин хусус дар ариза қайд карда мешавад;

— ҳолатҳои асосноккунандаи хоҳиши шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) оид ба фарзандхондӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин ҳолатҳо;

— дархост оид ба тағйир додани насаб, ном, номи падар ва маҳали таваллуди кўдаки фарзандхондшаванда, инчунин санаи таваллуди ў, оид ба сабти ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) ба сифати падару модар дар санади сабти таваллуди кўдак.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *